Мулоқоти аҳли тиҷорати Чину Тоҷикистон
Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова) – 19 сентябр дар ҳошияи намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти содиротии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ мулоқоти соҳавии аҳли тиҷорати Чину Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев зикр намуд ,ки самараи равобити байниминтақавии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ барои густариши ҳамкории иқтисодӣ,барқарор намудани робитаҳои мустақими байни намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ,ҳамчунин ҷалби тиҷорати хурду миёна ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ басо назаррас аст.Муовини сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ Оразбек Султон дар навбати худ аҳамияти рушди робитаҳои байниминтақавиро қайд намуда ,гуфт,ки Чину Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратиашон имкониятҳои зиёде доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






