Мулоқоти А. Достиев бо тоҷикони вилояти Иваново
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 7-8 сентябри соли равон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев, бо даъвати губернатори вилояти Иваново ҷиҳати ширкат дар VII-умин Ҳамойиши байналмилалии саноати бофандагӣ таҳти унвони «Золотое кольцо» ба шаҳри Плёси вилояти Иваново сафар дошт. Дар ҳошияи ҳамойиш А. Достиев бо губернатори вилояти Иваново Михаил Александрович Мен мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар бораи сатҳи хуби муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, кору зиндагии тоҷикистониёни муқими вилояти Иваново, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, роҳҳои рушду нумӯи робитаҳо табодули назар карданд.8 сентябр дар бинои «Хонаи миллатҳо»-и шаҳри Иваново А. Достиев бо намояндагони ниҳодҳои гуногуни ҳукумати вилояти Иваново, роҳбарони Созмони ҷамъиятии тоҷикон, Маркази фарҳанги миллии Осиёи Марказӣ «Осиё» ва Созмони ҷамъиятии озариҳои вилоят, роҳбарияту устодони чанде аз мактабҳои олии Иваново вохӯрӣ намуд. Зимнан таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят беш аз 2 ҳазор тоҷикистонӣ кору зиндагӣ дошта, Созмони ҷамъиятии тоҷикон бо роҳбарии Илҳомҷон Бобоев бомуваффақият фаъолият дорад. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дидори Сафири кишвар бо намояндагони донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии вилояти Иваново доир гардид.Дар вилояти Иваново бештар аз 400 нафар донишҷӯи тоҷик дар даргоҳҳои гуногуни илмӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва барояшон шароити хуби омӯзишу будубош фароҳам гардидааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






