Мулоқоти А. Холиқов бо роҳбаладони Ҳаҷ-2012

Сентябрь 24, 2012 14:33

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- 22-уми сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита Абдураҳим Холиқов бо роҳбаладони мавсими Ҳаҷ-2012 баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба омода намудани зоирини тоҷик ба Ҳаҷ, риояи фарҳанги исломӣ дар хонаи Худо, дар сатҳи баланд хидмат расонидан ба зоирин ва дигар масоили вобаста ба фаъолияти роҳбаладон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси кумита аз роҳбаладон даъват ба амал овард, ки барои хидмат расонидан ба зоирин тамоми ҷаҳду кӯшиши худро дареғ надоранд. Тибқи барномаи Кумитаи корҳои дин ҳар як роҳбалад бояд тӯли беш аз як моҳ бо гуруҳи зоирине, ки онро роҳбаладӣ мекунад, дарсҳои омодабошӣ гузаронад. Дар сурати анҷом надодани уҳдадориҳои худ роҳбалад метавонад аз рӯйхати роҳбаладон соқит гардад. Бояд зикр намуд, ки имсол беш аз 10 нафар роҳбаладони соли гузашта бе супоридани ҳеҷ гуна имтиҳон ба рӯйхати роҳбаладон ворид гардиданд.

Сентябрь 24, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд