Мулоқоти Д.Ҷабборов ва М. Кенҷаева бо интихобкунандагони худ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов ва Мунаввара Кенҷаева бо интихобкунандагони худ дар беморхонаи клиникии рақами 1-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрӣ намуданд. Намояндагони мардумӣ табибонро муҳимтарин қишри ҷомеаи ҳар кишвар арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки саломатӣ ва ояндаи шахсони муроҷиаткунанда ва бемор ба онҳо вобастагӣ дорад. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудан аз эҳтимоли афзоиши бемориҳо дар кишвар як қатор тадбирҳои муҳимро рӯи даст гирифтааст. Баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи тибб ва афзоиши буҷети соҳаи мазкур натиҷаи ҳамин ғамхориҳои роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакатамон таҳти сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар мулоқот дар бораи таҳкими суботу амният дар мамлакат изҳори назар шуд ва ҳамзамон зикр гардид, ки шарти муҳим ва омили асосии барқарории сулҳу субот, оромӣ ва рушду нумуи тамоми кишварҳои сайёра қабл аз ҳама ба низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои талаботи қонунҳо, шартномаву аҳдномаҳои дастаҷамъонаву байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Роҷеъ ба дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла қонун ва санадҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар заминаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани вазъи зиндагӣ, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум, содда намудани раванди андозситонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону тоҷирон, беҳбудии вазъи мактабу маориф, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои гуногун ва дигар масъалаҳо изҳори назар карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






