Мулоқоти директори АНМН ҶТ бо ҳайати маъмурияти Конгресси ИМА
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 4 сентябр мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров бо ҳайати маъмурияти Конгресси ИМА бо сардории Пол Гров баргузор гардид. Тавре ки аз агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рустам Назаров дар ҷараёни мулоқот меҳмононро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротталабӣ, ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкорӣ баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани қӯшунҳои НАТО мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахши муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар минбаъд ҳам густариш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






