Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори иҷроияи ширкати Khoday groop
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Деҳлӣ Директори иҷроияи ширкати Ходай групп (Khoday groop) — и Ҳиндустон Шри Ҳари Ходайро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот нақшаҳои кунунӣ ва ҳамкории ояндаи ин ширкат бо Тоҷикистон муҳокима гардид.Тавре зикр гардид, ин ширкат бо Тоҷикистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва парандапарварӣ дорад.Ёддошти тафоҳуме, ки имрӯз миёни ин ширкат ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба имзо расид, заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии густариши робитаҳо хоҳад буд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






