Мулоқоти Э. Раҳмон бо Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон

Сентябрь 6, 2012 15:23

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Федералии Олмонро, ки таҳти роҳбарии Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон пофессор Райнер Линднер ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбати пурмуҳтаво аз рушди бемайлони муносиботи Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ин мулоқот ва форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар шаҳри Душанбе натиҷаи робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар дар моҳи декабри соли 2011 ва ташрифҳои имсолаи Раиси Агентии энергетикии Олмон Штефан Колер ва Вазири федералии он оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд Дирк Нибел ба Тоҷикистон номида шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Бизнес-форуми имрӯза ба раванди мушаххас гардондани мундариҷаи ҳамкориҳои ду кишвар, бахусус дар бахши энергетика, аз ҷумла барои истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия такони тоза мебахшад.Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва бахши агросаноатӣ низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Тавачҷуҳи хоса, ҳамчунин ба иштирок дар лоиҳаҳои бузурги зербиноии минтақавӣ, ки бо фарогирии Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ амалӣ хоҳанд шуд, зоҳир гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 6, 2012 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!