Мулоқоти Э. Раҳмон бо Президенти Ҳиндустон
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуд.Эмомалӣ Раҳмон ва Пранаб Кумар Мукерҷӣ аз мулоқоту музокироти зиёди давоми рӯз суратгирифта ва имзо шудани 12 санади нави ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии ду кишвар изҳори хушӣ карда, онро таконбахши робитаҳои минбаъдаи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва амниятию низомӣ номиданд.Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории судманди дуҷониба заминаи воқеӣ барои баровардани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ мебошанд.Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






