Мулоқоти Г. Шералӣ бо олмониҳо
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори лоиҳаи байналмилалии Агентии энергетикии олмонии Dena Наргис Вик, роҳбари корхонаи олмонии BAE Batterian GmbH Ян Айсперт ва роҳбари ширкати DPU Investment GmbH-и Олмон Томас Меттин баргузор гардид. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноат, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, истифодаи энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо ду меморандум — Меморандуми ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии олмонии Dena ва Меморандуми ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи BAE Batterian GmbH ва ширкати DPU Investment GmbH ба имзо расид.Санадҳои имзошуда масоили ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршаванда, энергияи офтобӣ, ҷалби сармояҳо ҷиҳати лоиҳакашӣ, таъсис ва истифодаи энергияи офтобиро дар бар мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






