Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо сохторҳои соҳибкории Ҳиндустон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Мулоқоти судманди дигар доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайатҳои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Ҳиндустон сурат гирифт.Ба имзо расидани боз 6 санади муҳими дигар миёни сохторҳои масъули давлатии Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни давлатию хусусии Ҳиндустон бозгӯ аз ҳавасмандии амиқи ду ҷониб ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.Ҳамин тариқ 4 санади муҳими ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop, ширкати таҷҳизоти барқии BHELL, Gemfields, Chadha Power, Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди байналмилалии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ICAF ва Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии “Ходай груп” (Khoday groop) оид ба ҳамкории илмию техникӣ ба имзо расид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






