Мулоқоти Раҳимзода бо Йилмаз
Душанбе, 26 сентябрь. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ҳамоҳангсози барномаҳои Раёсати туркии ҳамкориҳои байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Фатиҳ Йилмазро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати фаъолияти кориаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки Ш. Раҳимзода ба фаъолияти сесолаи Фатиҳ Йилмаз дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо Раёсати туркии ҳамкориҳои байналмилалӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон нақши намоён дошт. Фатиҳ Йилмаз дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар минтақа муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки нақшаю барномаҳои кунунӣ ва ояндаи ҳамкории ТИКА бо Тоҷикистон самараҳои боз ҳам бештар хоҳанд дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






