Мулоқоти С. Девонаев бо К. Ромодановский
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Сардори Ҳадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар ҳошияи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский мулоқот анҷом дод.Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамоҳангсозии равандҳои муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Русия, ҳамчунин омӯзиши забони русӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Сафиалло Девонаев ҳамчунин бо вазъияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия муваққатан кор мекунанд, шинос мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






