Мулоқоти С. Гулов дар Хатлон
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон идома дорад. Тавре ки котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, субҳи имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов бо интихобкунандагони худ дар ҷамоатҳои «Меҳнатобод» ва «Дружба» бо фаъолони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мулоқот намуд. Сафарали Гулов иброз намуд: тавре ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва афзоиши имкониятҳои молиявӣ аз 1 сентябри соли равон марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ гардида, музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон-60 фоиз, соҳаи фарҳанг -50 фоиз, соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои маориф -40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ-30 фоиз зиёд мешавад. Дар анҷоми мулоқот Сафаралӣ Гулов ба саволҳои интихобкунандагони худ посух гуфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






