Муносиботи Тоҷикистону ИМА дар сатҳи баланд аст
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо Намояндаи аршади савдои ИМА Дон Кирк, муовини авали ӯ Деметриос Марантис, ёвари намояндаи савдои ИМА оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Майкл Деланей ва муовини ёвари Намояндаи савдои ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Мара Бурр дар шаҳри Вашингтон мулоқот намуд. Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни сӯҳбат, ки бештар мавзӯъҳои иқтисодиро дарбар мегирифт ҷонибҳо зикр карданд, ки муносибатҳои дуҷониба байни ИМА ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор доранд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






