Мусобиқоти ҷашнии варзишӣ дар Мурғоб
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Аз 25 август то 10 сентябри соли равон бахшида ба 21- солагии Истиқлолияти давлатӣ, 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-умин солгарди таъсиси ноҳия Мурғоб бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мурғоб ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тибқи нақшаи чорабиниҳо миёни насли наврас ва ҷавони ҷомеа чорабиниҳои мухталифи варзишӣ, аз қабили волейбол, футбол, гӯштини миллӣ, дучархаронӣ (ба масофаи 5 км), арғамчинкашӣ (байни бонувон), вазнбардорӣ (16-24кг) доир гардиданд.Ғолибон ва ҷоизадорони чорабиниҳо бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд.Хамзамон аз 24 то 28 сентябри соли равон дар ноҳия миёни ҷавонони 14-16 сола мусобиқаи варзиши сабук доир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






