Мусофир 9 кило ҳашишро ба куҷо мебурд?

Сентябрь 19, 2012 11:18

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз, 18 сентябри соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар назди истгоҳи Роҳи Оҳани Гулистони ноҳияи Восеъ мошини тамғаи «Daewoo Nexia »-ро боздошт карданд.Ҳангоми тафтиши мошин аз мусофири он- шаҳрванд Амиршо Одинамадович Гулмаҳмадови 32- сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ як адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 8 килою 850 грамм маводи нашъадори ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сентябрь 19, 2012 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд