Мустафо дар кофтуков аст
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 24 сентябри соли ҷорӣ ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Машҳур Фузайлиевич Алиеви 21 сола, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт, корманди ҶДММ «Мелодиён» муроҷиат намуд, ки рӯзи 23 сентябри соати 22:30-дақиқа шахсони номаълум ба тариқи зӯроварӣ ва истифодаи корд вориди корхона шуда, аз дохили сейф 2746 сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғон: Умед Сироҷиддинович Пирови 17 сола, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №31 ва Мустафо Ҷаъфарович Акрамови 16 сола, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №55 содир намудаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони роҳзанӣ У.С. Пиров дастгир гардида, барои дастгир кардани М.Ҷ. Акрамов чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






