Мюррей Маккалли ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав Мюррей Маккалли мулоқот намуд. Мусоҳибон перомуни масъалаҳои тавсиаи ҳамкориҳо дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуданд. Ҳамрохон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Зеландияи Навро даъват намуд, ки аз Тоҷикистон дар фурсати барояш муносиб боздид ба амал оварад. Даъвати мазкур бо камоли сипос пазируфта шуд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






