Нақби Шаҳристон ба истифода дода мешавад
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -11-уми сентябри соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби мошингузари «Шаҳристон», ки дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд, шинос шуд. Тавре ки аз котиботи Сарвазири ҶТ иттилоъ доданд, Оқил Оқилов ва ҳайати ҳамроҳонаш бевосита бо ҷараёни корҳои омодасозии ҳарду қисмати нақб барои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш шинос шуда. доир ба тезонидани корҳои сохтмонӣ ва ороишотӣ, инчунин фароҳамсозии шароити созгори равшанидиҳию ҳавотозакунӣ ба масъулини соҳа ва мутахассисон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маълум гардид, ки дар айни замон корҳо мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, наздики 700 нафар коргари маҳаллӣ ва мутахасиси хитоӣ ба таври шабонарўзӣ корро пеш мебаранд. Сипас дар маҳалли сохтмони нақб дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ситоди корӣ доир шуда, нақшаи корҳои сохтмонии дар ду ҳафтаи охир иҷрошуда ва вазифаҳои навбатӣ барои ду ҳафтаи оянда баррасӣ гардид. Хотиррасон бояд кард, ки нақби Шаҳристон бо дарозии 5200 метр дар шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ- Истаравшан –Хуҷанд- Бўстон аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ба истифода дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






