Намоишгоҳи маҳсулоти Чин дар Душанбе

Сентябрь 18, 2012 15:07

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод). –Имрӯз дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ҷашни 20-солагии иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. «Афзунгардонии анъанаҳои мустаҳками робитаҳои некбинона бо мазмуни нави ба талаботи имрӯза ҳамоҳанг вазифаи аввалиндараҷае мебошад, ки кӯшиши роҳбарияти ду давлат ба он равона шудааст»,- гуфт муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Чин бо сатҳи баланди боварии дуҷониба, робитаҳои самарабахш ва гуногунсоҳагии ҳамкориҳо фарқ мекунад, ки мислашро дар минтақа ёфтан мушкил аст. «Ширкатҳои Чин ба Тоҷикистон чун анъана бо нақшаҳои дарозмуддат ворид мешаванд.Онҳо лоиҳаҳои бузургро амалӣ гардонида, истеҳсолоти наву ҷойҳои нави корӣ бунёд ва,технологияи пешқадамро ҷорӣ мекунанд. Захираҳои бойи табиӣ ва мавҷудияти қувваи кори боихтисос дар Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо имкониятҳои бузурги сармоягузории Чин барои ҳамкориҳои самарабахш заминаи мусоид фароҳам меоранд, — иброз дошт М. Давлатов. — Ин асосан ба соҳаҳои энергетика ,металлургия, саноати маъданкоркунӣ, сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва соҳаи коркарди маҳсулот, ки маблағгузорӣ ба он ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, дахл дорад. «Мо аз сармоягузорони Чин технологияи навтарин, таҷҳизоти ҳозиразамон, созмон додани корхонаҳои муштарак ва кооператсияро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва молиявӣ нигаронем».

Сентябрь 18, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд