Намоиши ҷойҳои холи корӣ дар Хоруғ
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Имрӯз бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хоруғ дар майдони Ваҳдати маркази ВМКБ намоиши ҷойҳои холи корӣ доир шуд. Дар намоиш намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази таълими калонсолон, бахши вилоятии Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, қаҳвахонаю ошхонаҳои хусусӣ ширкат варзиданд. Хадамоти муҳоҷирати меҳнатии вилоят 60 ҷойи кориро дар калонтарин корхонаҳои Федератсияи Русия пешниҳод кард. Дар хотимаи намоиш 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Имрӯзҳо чунин намоишҳо дар маркази дигар навоҳии вилоят баргузор мегарданд. Танҳо дар 3-4 соли охир дар вилоят беш аз 30 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






