Намоиши филмҳои 20 кишвар дар Тоҷикистон
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Аз 16 то 20 октябр дар Душанбе бо сарпарастии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои Иттифоқи синомагарон ва Кинотеатри Зебуннисо Панҷумин кинофестивали байналмилалии «Дидор» бо намоиши филмҳо ва ширкати синамогарони Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Арманистон, Инглистон, Гурҷистон, Эрон, Амрико, Мали, Маҷористон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Фаронса, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷопон ва Швейтсария баргузор мешавад. Барномаи кинофестивал аз беҳтарин филмҳои аниматсионӣ, мустанад ва ҳунарии кишварҳои ширкаткунанда, ки дар 2 соли охир наворбардорӣ шудаанд, иборат аст. Ҳамзамон беҳтарин филмҳои ҳунарии ин барнома барои сокинони шаҳри Қурғонтеппа дар толори Театри вилоятии драмавӣ- мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.Тамошои филмҳо ройгон буда, ҳамарӯза соати 10 шӯруъ мешаванд ва то соати 21 давом мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






