Намояндагии Хадамоти фармасевтӣ дар Шуғнон
Хоруғ, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар шаҳри Ваҳдати ноҳияи Шуғнон бинои намояндагии Хадамоти фаъолияти фармасевтии кишвар бо сифати баланд сохта шуд.Бинои мазкур намуди хеле зебо дорад. Чанд даҳсола пеш дар маркази вилоят ба сохтмони чунин корхона оғоз карда буданд, аммо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон қатъ гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди онро дуюмбора шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ бинои боҳашамат ва мутобиқ ба меъёрҳои биносозии муосир бунёд шуд. Муовини роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии Хадамоти фармасевтӣ Мирзошо Имомов гуфт, ки дар чанд соли охир баробари боз шудани марзҳои кишвари мо аз давлатҳои хориҷӣ воридоти доруҳои худсохт зиёд шуд. Чунин вазъият дар Бадахшон низ ба назар мерасад. Барои ҷилавгирӣ аз воридоти доруҳои қалбакӣ Хадамоти фаъолиятӣ фармасевтӣ зарур донист, ки намояндагии худро дар маркази ноҳияи Шуғнон боз намояд. Дар бино як озмоишгоҳи муосир бо таҷҳизоти навтарин ҷойгир аст ва мутахассисон имкон доранд, ки ҳама гуна доруро дар фурсати кӯтоҳ мавриди ташхис қарор диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






