Намояндаи Тоҷикистон дар Вена эътимоднома супорид
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 12 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов бо Мудири кулли шӯъбаи СММ дар Вена, Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов бо мақсади супоридани эътимоднома баргузор гардид. cСипас ҳамсӯҳбатҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят мубодилаи афкор намуданд. Аз нигоҳи Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он бояд давом дода шаванд.Намояндаи доимӣ зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар самти мустаҳкам намудани сарҳад ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар васеъ мегардонад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






