Нархи ангишт ва дастрасии он ба харидорон
Суғд, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Истихроҷу истеҳсоли ангишт нисбат ба соли гузашта дар конҳои ангишти ҳудуди вилояти Суғд зиёд шудааст. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 килограмм ангишт аз 1 сомонӣ то 1 сомонию 45 дирам фурӯхта мешавад. Масалан, бо ворид намудани таҷҳизоти нав, истифодаи иқтидорҳои 2 кон, истихроҷ ва истеҳсоли ангишт то имрӯз дар кони «Ангишт»-и Шӯроб ба 28 ҳазору 500 тонна расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳаҷми пешниҳоди ангишт ба аҳолӣ зиёд бошаду нарх набояд боло равад. Дар ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Ангишт»-и Шӯроб, як кило ангишт вобаста ба навъ аз 28 то 46 дирам фурӯхта мешавад. Дар чунин ҳолат бо нархҳои 1 сомонию 20 дирам ё 1 сомонию 40 дирам фурӯхта шудани ангишт дар шаҳру ноҳияҳои наздик ба кони «Ангишт»-и Шӯроб беасос мебошад. Соҳибкороне, ки ба таъминоту фурӯши ангишт машғуланд, дидаю дониста бо ин амали худ ба мардум дар хариду захираи ангишт мушкилоту муамморо пеш меоваранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






