Нашри «Тафсири Кодекси мурофиавии гражданӣ»

Сентябрь 24, 2012 16:19

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкории текникии Олмон муаррифии «Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби гурӯҳи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон таҳия гардидааст, баргузор гардид.
Зимни муаррифии китоби мазкур директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Маҳмад Раҳимов иброз дошт: «Ба ҳамагон маълум аст, ки ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва асоси онро Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳо» аз соли 2001 ташкил медиҳад. Минбаъд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ислоҳоти судӣ қабул гардид. Дар натиҷа соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ, Кодекси ҶТ оид ба мурофиаи судии ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва ғайра қабул шуданд. Барои амалӣ намудани онҳо зарурат ба миён меояд, ки тафсир ва шарҳи моддаҳои он дастраси омма гардонида шавад, зеро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон асоси фаъолияти давлати моро ташкил медиҳад. Ба ҳамин хотир дар Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа дар натиҷаи заҳмати дусола «Тафсири Кодекси мурофиавии граждании ҶТ» нашр шуд». Малоҳати Зайниддин, корманди Маркази миллии қонунгузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар рафти чорабинӣ муаллифон ва муқарризон андешаҳои худро атрофи таҳияи тафсири мазкур ва фаъолияти гурӯҳи корӣ иброз намуданд.

Сентябрь 24, 2012 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад