Натиҷагирӣ аз татбиқи қонун

Сентябрь 5, 2012 11:25

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нимсолаи дуввуми соли 2012 баргузор гардид.Дар ҷаласа аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар он аз фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ натиҷагирӣ шуд. Бо дарназардошти хуб будани сатҳи фаъолияти босамари ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд, ба мудирони бахши ин ноҳияҳо аз ҷониби Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи методӣ, компютер ва дастгоҳҳои аккосии рақамӣ тақдим гардид.

Сентябрь 5, 2012 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд