«Навои ватан»- дастгири ҷавонони эҷодкор
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор бо ҳунари сарояндагӣ дар жанрҳои мусиқии миллӣ ва эстрадӣ дар доираи татбиқи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон бахшида ба 21-умин солгарди bстиқлолияти давлатӣ 2 сентябри соли равон дар Кохи Ҷомӣ фестивали сурудҳои ватандӯстонаи «Навои ватан-ро бо иштироки афсарону сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ва ҳунармандони ҷавони Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир намуд. Дар фестивал сурудҳои ватанпарастонаи «Ватан», «Тоҷикистон», «Меҳри ватан», «Ваҳдат», «Дӯстӣ», «Қасам» аз ҷониби ҳунармандон садо доданд. Дар анҷоми чорабинӣ ҳамаи ширкаткундагон бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии Кумита қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






