Наврасони Тоҷикистон: мубориза барои ҷои сеюм
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Дирӯз дар дидори нимниҳоӣ барои Ҷоми Президенти Туркманистон дастпарварони Нӯъмон Юсупов- аъзои дастаи мунтахаби наврасони кишвар аз дастаи наврасони Туркманистон бо натиҷаи 2 бар 0 мағлуб шуда, ҳамакнун барои ба даст овардани мақоми сеюм бо дастаи мунтахаби наврасони Русия рақобат мекунанд. Футболбозони рус дар дидори нимниҳоӣ аз дастаи Украина дар задани силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст хӯрданд. Рӯзи 29 сентябр ғолибон ва барандагони ҷоизаҳо маълум хоҳанд шуд. Ёдрас мешавем, ки Ҷоми Президенти Туркманистон маротибаи 18 баргузор шуда, дар он бори аввал дастаҳои мунтахаби наврасон ширкат меварзанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






