НБО-и нав дар ноҳияи Мурғоб

Сентябрь 21, 2012 09:57

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристиана Эрлих).- Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони ду нерӯгоҳи хурди барқи обӣ оғоз ёфт.Мувофиқи суханони манбаъ, тарҳрезӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Олмон сурат мегирад. Роҳандозӣ намудани барномаи бунёди нерӯгоҳҳои нави баркӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи сокинони ноҳияи Мурғоб тамоми шабонарӯз бо нерӯи барқ таъмин гарданд.

Сентябрь 21, 2012 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш