Ноҳия аз субвенсия бароварда шуд
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Танҳо истиқлолият имкон дод, ки шаҳру ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда ва ноободи ҷумҳурӣ бо дастовардҳои баланди иқтисодӣ мушарраф гарданд ва як қисми онҳо аз маблағгузории иловагӣ (дотатсия)-и давлатӣ » бароварда шаванд»,- иброз дошт раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд Рустам Раҳматов.Бино ба гуфти раис, ноҳияи Айнӣ, ки қаблан танҳо дар асоси маблағгузориҳои иловагии давлатӣ (субвенсия) мушкилоташ бароварда мешуд, бо шарофати соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ истеҳсолоташ рушд намуд ва аз субвенсия бароварда шуда, ба як ноҳияи дорои буҷети мустақил табдил ёфтааст.Ноҳия ба соҳаи саноати мустақил ва хоҷагии кишоварзии пешрафта табдил ёфта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзиро дар давоми даҳ соли давраи соҳибистиқлолӣ мутаносибан ба 99 ва 78 млн. сомонӣ расонид.Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, майдони кишти ғалла дар даҳ соли охир ба 2 ҳазору 277 гектар расонид.Ноҳия аз майдони умумии кишт беш аз се ҳазору 700 тонна ғалла, наздик ба 11 ҳазор тонна картошка, зиёда аз 5 ҳазор тонна сабзавот ва қариб 800 тонна маҳсулоти полизӣ истеҳсол менамояд. Дар ноҳия барномаҳои ҷумҳуриявии қутоспарварӣ ва парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар хоҷагиҳои ноҳия беш аз 27 ҳазор сар чорвои калон, 900 сар қутос парвариш ёфта, истеҳсоли солонаи асал ба 20 тонна расонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






