Нозирони тоҷик ба Беларус мераванд

Сентябрь 20, 2012 11:24

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 23 сентябр дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Дар робита ба ин фардо, 21 сентябр намояндагони Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳидаи ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба пойтахти ин кишвар- шаҳри Минск сафар мекунанд. Намояндагони Тоҷикистон, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси Комиссияи мазкур Раҷабмурод Ашўров дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузории интихоботи парлумонии Беларусро мушоҳида менамоянд. Ҳамзамон ду нафар вакили палатаи поёнии парлумони кишвар-Маҷлиси намояндагон ба ин ҳайат шомиланд.   Тибқи Фармони Президенти Беларус Александр Лукашенко аз 18 июни соли равон санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар 23 сентябр муайян гардида буд. Алҳол ҷиҳати ноил гардидан ба 110 курсӣ дар палатаи поёнии парлумони ин кишвар- Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Беларус 294 номзад мубориза мебаранд. Танҳо аз ҳайати нозирони ҳайати ИДМ 330 нозир баргузории интихоботи парлумонии Беларусро мушоҳида менамоянд. Сергей Лебедев –раиси Кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ , роҳбари ҳайати нозирони ИДМ бар он назар аст, ки ҷиҳати баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ дар Ҷумҳурии Беларус тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сентябрь 20, 2012 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!