Оғози соли нави хониш дар литсейи касбию техникӣ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ба фаъолият оғоз намудани нахустин литсейи касбию техникӣ дар сохтори ҷамъияти мудофиавии кишвар як таҳаввули ҷиддӣ, гардиши азим, падидаи навоварона ва воқеан ҳам як инқилоб буд. Чунин рухдод дар таърихномаи мавҷудияти созмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳифаи тозаеро бозкушоӣ намуд, ки муждарасони сатҳу сифати нави фаъолият ва пешрафт ба шумор меравад. Ба муносибати оғози соли нави хониш дар литсейи касбию техникӣ маросими тантанавӣ доир шуд. Дар он роҳбарияти созмони мудофиавии Тоҷикистон, волидайни толибилмони литсей ва дигар меҳмонон ширкат доштанд. Раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори гвардия Музаффар Гулмадов толибилмони ин даргоҳи маърифатро бо ибтидои соли нави хониш таҳният гуфта, барояшон дар касби зинаҳои таҳсилот муваффақият ва хизмат ба нафъи шукуфоию пешрафти Тоҷикистони азизро таманно намуд. Пас аз маросими тантанавӣ Раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори гвардия Музаффар Гулмадов аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуда, ба хонандагон дар ҷодаи фарогирии илму ҳунар маслиҳатҳои муфид дод ва ба роҳбарияти литсей ҷиҳати дар сатҳи ҷавобгӯй ба меърёҳои муосир ба роҳ мондани раванди таълим супориш дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурақиб Қодиров иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






