Охирин деҳаҳо имкони дастрасӣ ба барқро пайдо карданд
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо супориши Сарвари давлат тамоми сохтору мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вазифадор карда шуданд, ки то саршавии зимистон бо истифода аз тамоми имкониятҳо сокинони охирин деҳаҳои сарҳадии ноҳия бо қувваи барқ таъмин карда шаванд,- иттилоъ доданд аз дастгоҳи раиси ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар».Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ноҳияи Рӯшон 26 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 1300 кВтт/соат фаъолият дорад. Дар давоми 10 соли охир дар ҳудуди ноҳия 19 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.Сохтмони хати интиқоли барқи Поршнев-Бунӣ ва Бунӣ-Вомар (маркази ноҳияи Рӯшон) анҷом дода шуд, ки дар натиҷа бори аввал дар зарфи 21 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми сокинони ноҳия имкони дастрасӣ ба нерӯи барқро пайдо карданд.Ҳоло таҳияи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 35 кВтта аз деҳаи Вознавд то охирин деҳаҳои сарҳадии ноҳия –Шпат ва Деҳ дар масофаи 22 километр дар арафаи анҷомёбист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






