Омӯзиши сабабҳои хариду фурӯши одамон
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Хариду фурӯши одамон ҳамчун ҷинояти фаромиллӣ ва таъқиби ҷиноятӣ» семинар баргузор гардид.
Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи аслии ин семинар баррасии сабаб ва шароитҳои хариду фурӯши одамон ва роҳҳои мубориза бо он буд.Ёдовар мешавем, ки дар семинар коршиносони Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, кормандони Прокуратураи генералӣ, омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мутассадиёни Созмони байналмилалии муҳоҷират ширкат варзиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






