Омодагӣ ба чемпионати «Ҷоми Иттиҳод»

Сентябрь 4, 2012 14:21

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Ба қавли сардори Хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурақиб Қодиров аз рӯи нақшаи чорабиниҳои варзишии Шӯрои Марказии созмонҳои мудофиавӣ ва варзишию техникии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор аст, ки охирҳои моҳи сентябр ва ибтидои моҳи октябри соли равон дар заминаи Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии варзиши тирпаронӣ барои дарёфти «Ҷоми Иттиҳод» баргузор гардад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба истиқболи меҳмонон, ҷойгиркунии аъзои дастаҳои мунтахаб ва баргузории мусобиқа кумитаи тадорукотӣ таъсис ёфтааст.  Дар айни ҳол корҳои таъмирӣ дар толорҳои варзишӣ ва атрофи Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ шурӯъ гардида, он бояд то арафаи оғози мусобиқа ба анҷом расад.Варзишгарони ташкилот барои иштироки сазовор дар ин мусобиқа ва ҳифзи эътибори варзишии Тоҷикистон тамрини худро шурӯъ намудаанд. Мавриди зикр аст, ки созмони мудофиавии кишвар ба рушди варзиши тирандозӣ таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир намуда, дар доираи баланд бардоштани ин навъи варзиш тадбирҳои зиёд андешидааст. Федератсияи варзиши тирандозии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сарвари кулли ширкати «Babilon-Mobail» Беҳзод Файзуллоев ба инкишофи ин навъи варзиш ва дастгирии варзишгарон аҳамияти хосса дода, аз нигоҳи молиявӣ ва техникӣ кӯмаку мусоидат менамояд. Бо дастгирии федератсия варзишгарони тоҷикистонӣ дар чандин мусобиқоти сатҳи байналхалқӣ иштирок намуда, шарафи варзишии кишвари соҳибистиқлоламонро ҳифз намудаанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии «Ҷоми Иттиҳод» мукаммал гардида, баъди гузаштани даври муқарраршудаи тамринот дар чорабинии сатҳи байналмилалии қарибулвуқӯъ сазовори мақоми намоён хоҳанд шуд.

Сентябрь 4, 2012 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд