Омодагиҳо ба Анҷумани навбатии рушд
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои омодагӣ ба Анҷумани навбатии рушд имрўз дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори нави кишварии UNDP дар Тоҷикистон Норимаса Шимомура баррасӣ гардиданд. Аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷонибҳо иқдоми муштараки худро ҷиҳати дар сатҳи баланд ва самарабахш баргузор намудани анҷумани мазкур таъкид намуданд. Зикр гардид, ки ҷиҳати гузаронидани таҳлили ҳолати воқеии ҳамоҳангсозии кўмаки беруна ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи он дар якҷоягӣ бо Шўрои ҳамкорони рушд гурўҳи кории мушатарак ташкил мешавад. Аз ҷониби Д. Саидов намояндагони масъули Кумита барои шомилгардонӣ ба гурўҳи кории мазкур муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон дар вохўрӣ тарафҳо оид ба ҳамоҳангсозии зичтари кўмаки беруна бо мақсаду ҳадафҳои «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва арзёбии ҳадафҳои Стратегияи нави таҳияшудаистода, инчунин татбиқи «Стратегияи муштараки хамкорӣ бо кишвар», ки соли 2009 байни Ҳукумати мамлакат ва хамкорон оид ба рушд ба имзо расида буд, бо назардошти муайян намудани қадамҳои минбаъдаи ин самт мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад






