Омодагии пойтахт ба зимистон дар кадом сатҳ аст?
Душанбе, 18 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвияти тадбирҳо ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2012-2013 аз масъалаҳои мубраме буд, ки зимни баргузории ҷаласаи кории шаҳрдорӣ дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев матраҳ гардид. Раиси шаҳр ба комиссияи ҷамъиятии созмонёфта дастур дод, то ҳолати омодагӣ ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳоеро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 19 апрели соли 2012 «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷомеаи шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» тасдиқ гардидаанд, мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳдошти вазъи санитариву экологии шаҳр, сари вақт аз ҳудуди шаҳр баровардани партовҳои маишӣ, истифодаву хизматрасонии мақсадноки боғҳои фарҳангӣ баррасӣ шуданд. Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, муваззаф сохт, ки дар самти фаъолияташон тадбирҳои назоратиро пурзӯр гардонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






