Осоишгоҳи «Сипар» ба истифода дода шуд
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар арафаи 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ рушди тоза пайдо намуда, сохтмон ва навсозии садҳо бинову иншоот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ба назар мерасанд. Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ бинову иншооти зиёде ва утоқҳои кории кормандон навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар ноҳияи Қайроққуми вилояти Суғд дар соҳили «Баҳри тоҷик» осоишгоҳи «Сипар»-и ВКД навсозӣ ва ба истифода дода шуд. Осоишгоҳи мазкур дар мавзеи хушбоду ҳавои Қайроққум бунёд гардида, бо беҳтарин шароитҳо барои истироҳати мизоҷон, утоқҳои истироҳату хӯрокхӯрӣ, тарабхонаву хонаҳои фароғативу варзишӣ ва ҳавзу мавзеъҳои махсус барои оббозӣ дар соҳили дарё таъмин аст.Кормандон, собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти мазкур метавонанд ҳамроҳ бо оила ва фарзандонашон дар ин осоишгоҳ истироҳат намуда, аз табиати нотакрор ва шароитҳои беҳтарини маишӣ истифода намоянд. Дар маросими кушоиши осоишгоҳ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Шариф Назаров ҳайати шахсӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






