Парвози нахустини зоирини тоҷик муайян шуд
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Парвози ҳаҷравандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ аз 29 уми сентябри соли ҷорӣ оғоз шуда, 11 ноябр ба поён мерасад. Аввалин парвози зоирини тоҷик ба вақти маҳаллӣ соати 04.40 дақиқаи субҳи 29-уми сентябр сурат гирифта, соати 08.10 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ фуруд меоянд. Дар маҷмӯъ аз самти Душанбе — Ҷидда ва Ҷидда -Душанбе 32 парвоз анҷом дода мешавад, ки тамоми зоирин дар тӯли даҳ рӯз ба кишвари Саудӣ интиқол дода мешаванд. Аз 32 парвози зикршуда 9 хатсайри он аз самти Хуҷанд-Ҷидда сурат мегирад, ки ҳаҷравандагони вилояти Cуғдро ба шаҳри Ҷидда интиқол медиҳад. Бинобар ин зоирин бояд шаш соат қабл аз парвоз ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шаванд. Баъд аз поён ёфтани мавсими ҳаҷ шурӯъ аз якуми ноябри соли ҷорӣ баргашти ҳоҷиён сар шуда, 11 -уми ноябр ба поён мерасад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






