Пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Шӯрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегардад.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Ин ҳамоиш бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди Стратегияи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақаи АвруОсиё роҳандозӣ шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ба ҷаласа меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия даъват шуда ва ин ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории мазкур мебошад. Ёдовар мешавем, ки масъалаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақа бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва мавриди муҳокима қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






