Пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб

Сентябрь 13, 2012 16:19

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон вохӯрӣ гузарониданд.Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои тарбияи ҷавонон ва насли наврас, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО\БПНМ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, даст задани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб, хушунати хонаводагӣ мавриди сӯҳбат қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сентябрь 13, 2012 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш