Пирӯзии дуввуми футболбозони наврас

Сентябрь 26, 2012 14:18

Душанбе, 26 cентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар силсилаи бозиҳо барои Ҷоми Президенти Туркманистон бо футболбозони Беларус қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Ҳамлагари дастаи «Регар ТадАЗ» Комрон Турсунов дар ин дидор муаллифи ду гол шуд. Акнун футболбозони навраси кишварамон дар дидори нимниҳоӣ бо тими мунтахаби соҳибони майдон- Туркманистон пагоҳ дар соати 15 вориди майдон мешаванд. Ёдрас мешавем, ки дастпарварони Нӯъмон Юсупов аз ин пештар дастаи Ӯзбекистонро бо натиҷаи қотеъи 4 бар 0 шикаст дода, аз украиниҳо бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуда буданд. Дар ҷуфти дуввуми бозии нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Украина ва Русия вомехӯранд. Ғолиби бозиҳо соҳиби Ҷоми Президенти Туркманистон ва 20 000 доллари амрикоӣ гашта, барандаи мақоми дуввум бо 10 000 доллар ва ҷои сеюм бо 5 000 доллар мукофоти нақдӣ сарфароз мегарданд.

Сентябрь 26, 2012 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад