«Привокзальная» номи Қутбӣ Киромро гирифт
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим) — Дирӯз, 5-уми сентябр бо ибтикори роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе яке аз кӯчаҳои пойтахт, ки бо номи «Привокзальная» машҳур аст, ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром номгузорӣ гардид. Ин иқдом дар арафаи таҷлили 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин дар робита бо тҷашни истиқлол бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур ва ашхоси саховатпеша тӯйи суннатии 6 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд низ гузаронида шуд. Дар маросими номгузории ин маҳалла ба номи Қутбӣ Киром аҳли илму адаби кишвар, чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ, аз қабили Гулназар Келдӣ, Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло ва пайвандони шоир иштирок намуда, ин тасмимро дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти кишвар фоли нек хонданд. Сокинони маҳалла низ аз номи нави маҳалла изҳори хушнудӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Қутбӣ Киром аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






