Раиси нави ИХТ ҶТ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-Чанде пеш дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ходимони театрӣ (ИХТ) баргузор гардид. Дар кори анҷуман вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, президенти Конфедератсияи байналмиллаии иттифоқҳои театрии ИДМ Валерий Шадрин ширкат доштанд. Иштирокдорони анҷуман масоили рушди театрҳои кишварро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамчунин ислоҳоти Оинномаи Иттифоқи ходимони театриро қабул карданд. Директори театри драмаи русии ба номи Владимир Маяковский Суҳроб Мирзоев бо усули овоздиҳии умумӣ раиси нави иттифоқ интихоб гардид. Ғайр аз ин котиботи Иттифоқи ходимони театрӣ иборат аз 9 нафар интихоб гардид, ки ба он роҳбарони театрҳои шаҳрию вилоятӣ шомиланд. Дар ин бора директори театри ба номи Владимир Маяковский Суҳроб Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






