Раиси «Тоҷиксодиротбонк» сазовори ордени «Шараф» гардид
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-6-уми сентябри соли равон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Таварович Пиров барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, илм ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардид. Қадрдонии фаъолияти раиси бонк аз ҷониби Сарвари давлат ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» барои боз ҳам беҳтар анҷом додани хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён рӯҳияи тоза бахшид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






