Раванди Истанбул дар Ню-Йорк

Сентябрь 26, 2012 10:47

26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 24 сентябр ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар иҷлосияи мансабдорони баландпояи раванди Истанбул иштирок намуд.Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосия нақшаҳои кории татбиқи барномаи таҳким бахшидани боварӣ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.Дар ҷараёни иҷлосия, ки бо иштироки фаъолонаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва кишварҳои мададгор сурат гирифт, лоиҳаҳои нақшаҳои корӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорони иҷлосия зарурати такмили лоиҳаҳои зикршударо қайд намуда, пешниҳоди ҷониби Туркияро дар мавриди моҳи октябри соли 2012 дар Туркия доир намудани иҷлосияи навбатии мансабдорони баланпоя маъқул ёфтанд.Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон вазирони корҳои хориҷиро даъват намуд, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои раванди Истанбул, ки моҳи апрели соли 2013 баргузор мегардад, иштирок намоянд.

Сентябрь 26, 2012 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард