«Рушди деҳот» ва тӯҳфаҳои ҷашнии он

Сентябрь 8, 2012 10:34

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои дахлдор татбиқи лоиҳаи «Рушди деҳот» дар мамлакат самаранок ва мақсаднок идома дорад. Лоиҳа самтҳои гуногуни эҳтиёҷоти аҳолии мамлакатро дар бар гирифта, он қисматҳоеро дастгирӣ менамояд, ки беҳбуди зиндагии мардумро дар назар доранд, зеро ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум равона гардида, ҳамзамон барои иҷрои «Барномаи ҳукуматии паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ» мусоидат мешавад.Дар доираи иҷрои лоиҳа дар минтақаҳои пилотӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, 4 иншооти калон, зиёда аз 50 минтақаи намоишдиҳӣ, 4 нуқтаи хизматрасонии байторӣ, 4 маркази иттилотию машваратии кишоварзӣ ва омӯзиши бозор ташкил ва зиёда аз 60 нафар олим ва мутахассиси варзидаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.Дар арафаи ҷашни 21- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20- умин солгарди Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани пули мошингузар дар деҳаи Тиллоободи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳадафҳои асосии лоиҳа ба шумор рафта ,тӯҳфаи арзандаест барои сокинони ноҳияи Рӯдакӣ. Дарозии пули мазкур 18 метр буда ,борбардории он 80 тонна мебошад. Бояд зикр кард, ки пеш аз ин дар ин минтақа як иншооти таъминоти оби нӯшокӣ, пули калони мошингузар ва як нуқтаи байторӣ ба истифода дода шуданд. Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди деҳот»дар дигар минтақаҳои пилотӣ низ чунин корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Дар арафаи ҷашнҳои миллӣ корҳои барқарорсозии купрӯки мошингузари деҳаи Чормағзакон дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо сифати баланд ба анҷом расида ,ин иншооти муҳим низ ба истифода дода шуд. Мувофиқи нақша дар давоми соли равон 20 иншооти дигар бояд ба истифода дода шавад, ки ҳамаи онҳо бо ташаббус ва эҳтиёҷоти аҳолии деҳот омода гардида, корҳои онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ин чорабиниҳо ба шарафи ҷашнҳои дар пешистода тӯҳфаи арзанда мебошанд.

Сентябрь 8, 2012 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!