Рушди хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба шахсони маъюб
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева ).-Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти ҳамкории техникии Олмон, ЮНИСЕФ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба шахсони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои амалӣ» баргузор гардид.Дар конфронс муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Шарипова, директори Пажуҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон Амонулло Ғоибов, раиси Анҷумани омӯзгорон ва мутахассисони бахши иҷтимоии Украина, профессор Ирина Зверёва, раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев, намояндагони Вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва мутахассисони дигари соҳаи тандурустӣ ширкат намуданд. Дар конфронс масъалаҳои муҳими ташхиси тиббию иҷтимоӣ, доираи хизматрасонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири шаҳрвандон дармон ва табобати маъюбон, татбиқи усулҳои нави хизматгузории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи солими зиндагӣ ва мавзӯъҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар робита бо кори конфронс намоиши маҳсулоти ширкатҳои дорусозӣ, воситаҳои навтарини техникии табобат ва василаҳою намудҳои гуногуни аробачаҳои маъюбон баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






