«Рустам ва Сӯҳроб»-барандаи дипломи «Театр. Чехов. Ялта»
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» барои таҷассуми барҷастаи ҳамосаи миллӣ бо воситаҳои театрии муосир сазовори дипломи Ҷашнвораи V-уми байналмилалии «Театр. Чехов. Ялта» шуд. Дар ин бора директори Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Мирзосаид Абдуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.М. Абдуллоев афзуд, ки ҳамчунин ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрдори Ялта Алексей Боярчук барои саҳми назаррас дар рушди анъанаҳои фестивалӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо тавассути санъати театрӣ сипоснома тақдим шуд.Ёдовар мешавем, ки ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ аз 11 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ялтаи Украина доир гардид ва дар он ҳафт давлат-Украина, Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Лаҳистон, Молдава ва Тоҷикистон ширкат варзида, беҳтарин намоишномаҳои театриро манзури тамошобинон гардониданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






